Август 25, 2018 20:01 Asia/Dushanbe
  • Рӯзномаи туркияӣ Риёзро ба ҳимоят аз террористҳо дар Сурия муттаҳам кард

Рӯзномаи “Яни шафақ”-и Туркия, бо пардохтан ба мавзуи кумаки 100 миллион доллари Арабистони Саудӣ ба манотиқи шимолии Сурия, Риёзро ба ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам кард.  

Сафоратхонаи Арабистони Саудӣ дар Вашингтон гуфта буд, 100 миллион доллар ба гурӯҳҳои фаъол дар шимоли Сурия кумак кардааст.

Аммо Туркия ин иқдомро ҳимоят аз шибҳнизомиёни курд ва дар тақобул бо манофеи худ медонад.

Рӯзномаи “Яни шафақ” бо муттаҳам кардани Арабистони Саудӣ ба ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Сурия, навишт: “Ин кумакҳои молӣ ба самти шаҳрҳое монанди Раққа, ки дар тасарруфи нерӯҳои демократики Сурия аст, равона хоҳад шуд”.

Бахши бузурге аз нерӯҳои демократики Сурияро шибҳнизомиёни курди узви “ягонҳои мудофеи халқ” (YPG) ташкил медиҳанд.

Давлати Туркия аммо муддаӣ аст, ки YPG шохае аз ҳизби коргарони Курдистон (ПКК) буда ва як гурӯҳи террористӣ аст.