Талоши муассисаи амрикоӣ барои пирӯзии Ғанӣ дар интихоботи Афғонистон
(last modified Sun, 26 Aug 2018 05:56:39 GMT )
Август 26, 2018 10:56 Asia/Dushanbe
  • Талоши муассисаи амрикоӣ барои пирӯзии Ғанӣ дар интихоботи Афғонистон

Як рӯзномаи чопи Кобул аз ҳимояти як ширкати амрикоӣ аз Ашраф Ғанӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ояндаи Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, рӯзномаи “Wesa” навишт, ширкати амрикоӣ ба номи «ISA», аз сӯи Вазорати дороии Афғонистон ба хидмат гирифта шудааст, то ба пирӯзии Ашраф Ғанӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар кумак кунад.

Бар асоси ин гузориш, шуморе аз кормандони ширкати “Institute of State Effectiveness” ба раёсати Clare Lockhart бо дарёфти ҳуқуқ ва имтиёзоти фавқулодае аз ду моҳи гузашта ба кор гумошта шуданд, то заминаи пирӯзии Ашраф Ғаниро дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар апрели 2019 милодӣ, фароҳам кунанд.

Clarin Lark Hart, раиси ин ширкат, ки як шаҳрванди инглисӣ аст аз соли 2009 милодӣ низ ситоди интихоботии Ашраф Ғаниро аз дафтари кории худ дар Амрико раҳбарӣ мекард.

Коршиносон бар ин боваранд, ки мақомоти аршади давлатӣ, ки дорои ду тобеият ҳастанд ва пеш аз ин дар кишварҳое монанди Амрико, Англия ва соири кишварҳои ғарбӣ, зиндагӣ карданд таҳти нуфузи созмонҳои иттилоотии кишварҳои ғарбӣ қарор доранд.