Мидел Ист Ей: Бен Салмон қиморбозе бозанда аст
(last modified 2018-08-26T14:37:03+00:00 )
Август 26, 2018 19:37 Asia/Dushanbe
  • Мидел Ист Ей: Бен Салмон қиморбозе бозанда аст

Як сайти англисӣ дар ёддоште дар бораи Бен Салмон навишт, ки аз даст рафтани эътибори раисҷумҳури Амрико барои валиаҳди Саудӣ низ, ки фарди бисёр заифе маҳсуб мешавад, мушкили бузурге аст.  

Мидел Ист Ей дар ёддоште дар бораи Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Саудӣ навишт, ки вай фарде аст, ки қимор мекунад ва бозанда мешавад.  

Мидел Ист Ей дар ин ёддошт таъкид кард, “ҳубоб дар ҳоли таркидан аст. Тарҳҳои олии Муҳаммад бен Салмон яке пас аз дигаре дар биёбон, нопадид мешаванд ва бо онҳо, иддаоҳои баландпарвозонае, ки вай барои ислоҳи фасоди чанддаҳаӣ, дигаргунии иқтисод бар пояи нафт ва зуҳураш ба унвони марди Доналд Трамп дар Ховари Миёна дар ҳоли нобуд шудан ҳастанд”.