Узрхоҳии Поп Франсис аз ҳамаи ҷиноятҳои калисои католик
Раҳбари католикҳои ҷаҳон аз ҳамаи ҷурму ҷиноятҳое, ки калисои католик дар ҳаққи мардуми анҷом доданд, узрхоҳӣ кард.
Ба гузориши шабакаи APTN, Поп Франсис дар маросиме дар парки Фоникс Дублин, пойтахти Ирланд эълом кард, мақомоти калисо ба мавориди бешуморе озор расондани кашишҳои католик ба занону кӯдакон дар тӯли ин солҳо, посух надодаанд ва иҷрои адолатро танҳо ваъда доданд.
Поп Франсис хитоб ба садҳо ҳазор нафар дар ин маросим гуфт, рӯзи шанбе бо шуморе аз қурбониёни ҳар навъ озор ва азият аз озори ҷинсӣ гирифта, то кӯдакон кор ва навзодоне, ки ба зӯр аз модаронашон гирифта ва ба сарпараст сипурда мешуданд, дидор кардааст.
Поп дар ин дидор ба модарони кӯдакони ҷудо шуда итминон дод, ки агар барои ёфтани фарзандони худ иқдом кунанд, гуноҳе муртакиб намешванд дар ҳоле, ки тайи чандин даҳа ба ин модарон гуфта мешуд, агар фарзандони худро ҷустуҷӯ кунанд, гуноҳ кардаанд.
Ҳазорон кӯдак, ки ҳам акнун бузург шудаанд ва дар Ирландия зиндагӣ мекунанд, ҳангоми таваллуд ба зӯр аз оғӯши модаронашон ҷудо ва дар рахтшухонаҳо ба кори бедастмузд кашида мешуданд.
Садҳо километр он сутар, мӯътаризони хашмгин дар шаҳри Tuam-и Ирландия роҳпаймоии эътирозомез баргузор ва номи тақрибан 800 кӯдакеро фарёд заданд, ки дар ятимхонаҳои калисои католик ҷон бохтанд ва аҷсодашонро дар гӯрҳои дастаҷамъӣ дар наздикии фозилобҳо дафн карданд.