Август 28, 2018 10:09 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби густурдаи шикояти Эрон аз Амрико дар расонаҳои ҷанубу шарқи Осиё

Тарҳи даъвоии Эрон зидди Амрико дар Девони Байналмилалии Додгустарӣ дар расонаҳои ҷанубу шарқи Осиё бозтоби густурдае дошт.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи ИРНА, сойти хабарии "Ветнам нюс" дар ин замина навишт: “Эрон додхости худро дар авохири моҳи июли гузашта ба Девони Байналмилалии Додгустарӣ дар Гаагаи Нидерландия (Додгоҳи Гаага) таслим кард ва раъйи ин девон мабнӣ бар лағви таҳримҳои зиддиэронӣ аз сӯйи Амрикоро хостор шуд. Пойгоҳи хабарии "Фри Малайзия тудэй" низ дар ин замина эълом кард, тибқи гузориши намояндагони Эрон дар Девони Байналамилалии Додгустарӣ, иқдоми Амрико нақзи сареҳи Аҳдномаи маваддат байни Эрону Амрико аст, ки дар соли 1955 ба имзо расидааст”. Ин расона ҳамчунин навишт, додхосте, ки вукалои эронӣ дар додгоҳ матраҳ карданд, бар асоси ин муоҳида буда, ки ҳамчунон муътабар аст. Дар ҳамин ҳол, сойти хабарии "Молези кене” ва рӯзномаи интернетии "Мэлай сан" низ ба пӯшиши хабарии шикояти Эрон аз Амрико дар Девони Байналмилалии Додгустарӣ пардохтанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Девони Байналмилалии Додгустарӣ ду тарҳи шикоят, дар бораи хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ ва аҳкоми содира аз сӯйи додгоҳҳои Амрико алайҳи Эронро матраҳ кардааст. Дар пайи ин шикоят Девони Байналмилалии Додгустарӣ тайи номае хитоб ба Майк Пампео, вазири умури хориҷии Амрико ба давлати Вашингтон ҳушдор дод, аз ҳар гуна иқдоми ҷадид дар хусуси бозгашти якҷонибаи таҳримҳои зидди Эрон иҷтиноб кунад.

 

Барчасп