Пойин омадани шохиси зиндагии русҳо – сабаби бадбинӣ ба коргарони муҳоҷир
(last modified Wed, 29 Aug 2018 05:15:28 GMT )
Август 29, 2018 10:15 Asia/Dushanbe
  • Пойин омадани шохиси зиндагии русҳо – сабаби бадбинӣ ба коргарони муҳоҷир

Мудири Сандуқи “Муҳоҷири қарни 21” дар Русия муътақид аст, далели асосии бадбинӣ ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия, пойин омадани шохисҳои зиндагии мардуми ин кишвар аст.

Ба гузориши сомонаи “Мigrant.news”, Вячеслав Поставнин гуфт, бар асоси омори созмони афкорсанҷии “Левада - Сентр”, далели аслии афзоиши бадбинии мардуми бумии Русия дар қиболи коргарони муҳоҷири хориҷӣ, вахим шудани авзои иқтисодӣ, болоравии таваррум, уфти қурби рубли русӣ ва пойин омадани шохисҳои зиндагӣ аст.

Вай таъкид кардааст, ки мардуми Русия дар муқоиса бо ду соли қабл нисбат ба масоили сиёсати хориҷии давлати ин кишвар бетаваҷҷуҳ шуда ва акнун рӯйи мавзӯҳое ҳамчун шохисҳои зиндагӣ ва даромади молӣ тамаркуз кардаанд, ки ин мавзуъ боиси бадбинии онон ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ шудааст.

Созмони афкорсанҷии “Левада - Сентр” дар Русия эълом кард, тайи як соли ахир теъдоди ҷонибдорони маҳдудияти вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба ин кишвар афзоиш ёфтааст. Бар ин асос 67 дарсад аз афроде, ки дар ин афкорсанҷӣ ширкат кардаанд, хостори эъмоли маҳдудият барои вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба кишварашон аз сӯйи ҳукумати Русия шудаанд.

Ин дар ҳолест , ки ин шохис дар соли 2017 наздик ба 57 дарсад буд ва акнун дар соли ҷорӣ ба 67 дарсад расидааст.

Илова бар бадбинӣ нисбат ба атбои африқоӣ, чинӣ, ветнамӣ ва лулиҳо (сиган) дар Русия, наздик ба 30 дарсад аз шаҳрвандони ин кишвар ҷорӣ кардани маҳдудият барои вуруди коргарони муҳоҷири тоҷик, ӯзбак ва қирғизро хостор шудаанд, ки ин шохис дар муқоиса бо солҳои қабл афзоиш доштааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳар моҳ то 2 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон дар Русия тобеияти ин кишварро мепазиранд. Дар соли 2017 ин шохис ба 29 ҳазор нафар расида буд.