Август 30, 2018 20:23 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди шадиди мақоми СММ аз Аун Сан Су Чӣ

Комиссари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз раҳбари Миёнмор ба далели ҳимояташ аз артиши ин кишвар, ба шиддат интиқод кард.

Зайд Раъд ал-Ҳусейн дар гуфтугӯ бо шабакаи ҷаҳонии “ББС”, хостори истеъфи Аун Сан Су Чӣ (Аунг Сан Су Чжи), раҳбари Миёнмор ба далели тавҷеҳ (тавзеҳ)-и ҷиноятҳои артиши ин кишвар, алайҳи мусулмонони Рӯҳингиё шуд.

Вай гуфт, Су Чӣ дар мавқеияте буд, ки бояд коре анҷом медод ва набояд сухангӯи артиши Миёнмор мешуд.

Комиссари ҳуқуқи башари СММ ҳамчунин бо ишора ба ҳабси хонагии Су Чӣ пеш аз расидан ба раъси қудрат дар Миёнмор гуфт, беҳтар буд Су Чӣ ба ҷои тавҷеҳи ҷиноятҳои артиши Миёнмор, мегуфт, ки истеъфо медиҳад ва ба ҳабси хонагӣ боз мегардад.

СММ рӯзи сешанбе гузорише пиромуни вазъияти мусулмонони Рӯҳингиё дар Миёнмор мунташир кард, ки хостори таҳқиқ пиромуни «наслкушӣ»-и артиши Миёнмор шуд.

Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ низ рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин созмон дар бораи Миёнмор, хостори муҷозоти омилони ин наслкушӣ, шомилм фармондеҳм артиш ва панҷ генералм ин кишвар шуд.

Давлати Су Чӣ дархости Созмони Милали Муттаҳидро барои пайгард ва муҳокимаи қазоии шаш нафар аз фармондеҳони артиши ин кишвар ба иттиҳоми саркӯб ва куштори мусулмонони Рӯҳингиё, напазируфтааст.