Ақибнишинии исломситези нидерландӣ аз баргузории мусобиқаи зиддиисломӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37726-Ақибнишинии_исломситези_нидерландӣ_аз_баргузории_мусобиқаи_зиддиисломӣ
Сиёсатмадори исломситези нидерландӣ, ки қасд дошт мусобиқаи карикатури тавҳиномез алайҳи Паёмбари Акрам (с) баргузор кунад, ба далели эътирозоти густурда, маҷбӯр ба ақибнишинӣ шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 31, 2018 15:57 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии исломситези нидерландӣ аз баргузории мусобиқаи зиддиисломӣ

Сиёсатмадори исломситези нидерландӣ, ки қасд дошт мусобиқаи карикатури тавҳиномез алайҳи Паёмбари Акрам (с) баргузор кунад, ба далели эътирозоти густурда, маҷбӯр ба ақибнишинӣ шуд.

Ба гузориши рӯзномаи Индепендент, Герд Вилдерс, сиёсатмадор ва раиси Ҳизби зиддиисломии «Озодӣ»-и Нидерландия, таҳти фишори эътирозҳо ба баргузории як мусобиқаи тавҳиномези карикатур аз Паёмбари Ислом (с) маҷбӯр ба ақибнишинӣ шуд ва ин мусобиқаро лағв кард.

Тасмими вай барои лағви ин мусобиқа ба думболи таҳдид ба марг ва эътирозоти густурда дар Покистон иттихоз шуд.

Қарор буд, ин мусобиқаи зиддиисломӣ ноябри оянда баргузор шавад, аммо эъломи хабари баргузории чунин мусобиқае, дар Покистон эътирозоти шадидеро ба думбол дошт ва ҳудуди ҳазорон нафар бо барпоии тазоҳурот аз давлати ин кишвар хостанд равобити дипломатӣ бо Нидерландияро қатъ кунад.

Умрон Хон, нахуствазири Покистон низ иҳонатҳои мукаррари ин сиёсатмадори нидерландӣ ба дини Исломро маҳкум ва таъкид кард, Исломобод масъалаи иҳонат ба дини Исломро дар Созмони Ҳамкории Исломӣ матраҳ ва аз кишварҳои исломӣ мехоҳад, то ба як сиёсати ҷамъии ягона барои муқобила бо ин иқдомот бирасанд.

Вазорати умури хориҷаи Покистон ҳам кордори сафорати Нидерландия дар Исломободро дар эътироз ба ин тасмими сиёсатмадори нидерландӣ эҳзор кард.

Марк Рютте, нахуствазири Нидерланд низ ҳадафи Вилдерсро таҳрики мусулмонон унвон кард.

Толибони Афғонистон ҳам баргузории мусобиқаи карикатури тавҳин ба ҷойгоҳи муқаддаси Паёмбари гиромии Акрам (с) аз сӯи Ҳизби зиддиисломии мавсум ба "Озодӣ"-и Нидерландро маҳкум ва эълом карда буд, ба талофии ин иқдом, низомиёни нидерландиро дар Афғонистон ҳадаф қарор хоҳад дод.