Бозиҳои паралимпӣ-2016 оғоз шуд
Понздаҳумин давраи Бозиҳои паралимпии 2016 дар Рио бомдоди рӯзи панҷшанбе, ба вақти Теҳрон дар варзишгоҳи Мараканаи шаҳри Рио-де-Женейро бо маросими вижаи Бразилия оғоз шуд. Дар ин маросим ҷамъе аз мақомҳои аршади Бразилия, масъулони кишварҳои ширкаткунанда ва намояндагони ниҳодҳои байналамилалӣ ҳузур доштанд.
85 ҳазор нафар дар варзишгоҳи Мараканаи Рио-де-Женейро ин маросимро аз наздик ва беш аз ду миллиард нафар дар ҷаҳон аз тариқи гирандаҳои телевизионӣ онро тамошо карданд.
Дар ибтидои маросим Суруди миллии Бразилия навохта шуд ва гурӯҳе аз ҳунармандони Бразилия ба ҳунарнамоӣ пардохтанд. Нахустин кишваре, ки дар сафи режа қарор гирифт, Афғонистон буд. Пас аз ин кишвар Африқои Ҷанубӣ, Олмон, Ангола, Алҷазоир ва Аргентина режа рафтанд ва соири кишварҳои ширкаткунанда низ бар асоси ҳуруфи алифбо дар сафи режа қарор гирифтанд.
Дар ин давра аз рақобатҳо 4350 варзишкор ҷиҳати касби 500 медал дар 22 ришта ҳузур доранд. Корвони варзишии Эрон бо номи «Мино» бо 111 варзишкор дар қолаби 12 риштаи варзишӣ дар понздаҳумин давраи Бозиҳои паралимпӣ ширкат хоҳад кард. Тоҷикистон дар ин мусобиқа танҳо як ширкаткунанда дорад.