Сентябр 03, 2018 14:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳинд аз таҳрим‎ҳои Амрико алайҳи Эрон пайравӣ намекунад

Вазири иқтисод ва дороии Ҳинд таъкид кард, кишвараш аз таҳримҳои ғайриқонунии Амрико, алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон пайравӣ намекунад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Arun Jaitley (Арун Джетли) имрӯз (душанбе) дар мусоҳиба бо хабарнигорон дар Деҳлӣ Нав гуфт, Деҳлии Нав тамомии муқаддамоти лозимро барои муқобила бо таъсироти таҳрим‎ҳои Амрико, алайҳи Эрон фароҳам кардааст.

Пеш аз ин низ Ошук Деҳор, раиси дафтари Калкутта Бунёди таҳқиқотии “Observer Research Foundation” гуфт, Деҳлии Нав аз Вашингтон барои таҳрим зидди Эрон пайравӣ намекунад, балки сиёсати мустақилиро дар қиболи Теҳрон думбол хоҳад кард.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико рӯзи шашуми августи гузашта, бархе таҳримҳои ғайриқонунии ин кишвар, алайҳи Эронро дар бахши худравсозӣ ва тилло бозгардонд.

Давлати Амрико 8-майи 2018 ба сурати якҷонба аз БАРҶОМ хориҷ шуд ва бозгашти таҳримҳои ҳастаӣ зидди Эронро эълом кард.