Сентябр 04, 2018 20:01 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти бародари Малик Салмон зидди подшоҳ ва валиаҳди Саудӣ

Вазири пешини умури дохилии Арабистон ва бародари Малик Салмон гуфт, подшоҳ ва валиаҳдаш масъули тамоми ҷиноятҳои Арабистон ҳастанд.

Видеое, ки ба тозагӣ мунташир шудааст, шоҳзода Аҳмад бин Абдулазиз Оли Сауд, вазири пешини умури дохилии Арабистонро нишон медиҳад, ки ба теъдоде аз мухолифони сиёсатҳои Риёз мегӯяд, ба ҷои шиор додан алайҳи хонадони Оли Сауд, подшоҳ ва валиаҳдашро бозхост кунанд.

Аҳмад бин Абдулазиз дар ин филми видеоӣ дар вокуниш ба тазоҳуроти зидди Саудии чанд рӯзи гузашта дар Лондон, пойтахти Англия гуфт: Ба ҷуз Салмон бин Абдулазиз, подшоҳ ва Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон каси дигаре масъули аслии авзои кунунӣ дар Яман нест.