Сентябр 04, 2018 20:50 Asia/Dushanbe
  • Интихоби раисҷумҳури ҷадиди Покистон

Номзади ҳизби пирӯзи интихоботи ахири Покистон  бо раъйи намояндагони маҷолиси миллӣ, иёлотӣ ва сенати ин кишвар ба унвони сездаҳумин раисҷумҳур интихоб шуд.

Раъйгирӣ дар маҷолиси сенат, миллӣ ва чаҳор маҷлиси иёлотии Балучистон, Хайбарпахтунхуа, Панҷоб ва Санад аз 10 субҳи сешанбе ба вақти Исломобод оғоз шуд ва то соати 16 идома ёфт.

Дар интихоботи имрӯзи раёсатҷумҳурии Покистон, Ориф Алавӣ аз Таҳрики Инсоф, Эътизоз Аҳсан аз ҳизби мардум (PPP) ва Мавлоно Фазлулраҳмон низ номзади муштараки ҳизби Муслими лиги шохаи Навоз ва ҳизби авоми миллии Покистон бо якдигар рақобат карданд, ки Ориф Алавӣ ба унвони раисҷумҳури ҷадиди ин кишвар интихоб шуд.

Ориф Алавӣ 320 раъй, Мавлоно Фазлулраҳмон 159 раъй ва Эътизоз Аҳсан 120 раъйро аз они худ карданд.

Давраи раёсатҷумҳурии Мамнун Ҳусайн ҳаштуми сентябри 2018 ба поён мерасад.

 

Барчасп