Барканории хатиби мағрибӣ ба далели як муқоисаи таърихӣ
Сентябр 05, 2018 11:52 Asia/Dushanbe
Вазорати авқофи Мағриб як хатиби ҷумъаро ба сабаби онки канор рафтани пардаи Каъбаро нишонаи заволи хонадони Саудӣ дониста буд, барканор кард.
Вазорати авқоф ва умури исломии мағриб Абдулҳамид Наҷҷорӣ, хатиби намози ҷумъаи шаҳри Баркон дар шимоли ин кишварро ба далели интиқоди ғайримустақим аз сиёсатҳои Арабистони Саудӣ барканор кард.
Ӯ гуфтааст, ки бодҳои шадиде, ки дар мавсими ҳаҷҷи имсол дар Арабистони Саудӣ шуруъ ба вазидан кард ва пардаҳои сиёҳи Каъбаро канор зад, ҳодисаи мушобеҳ дар ибтидои хилофати Аббосиро ба ёд меоварад.