Ташкили давлати муваққат, хости бузургтарин гурӯҳи оппозитсияи давлати Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37870-Ташкили_давлати_муваққат_хости_бузургтарин_гурӯҳи_оппозитсияи_давлати_Афғонистон
Раиси иҷроии эътилофи бузурги миллии Афғонистон бар ташкили давлати муваққат дар ин кишвар таъкид кард.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 05, 2018 21:05 Asia/Dushanbe
  • Ташкили давлати муваққат, хости бузургтарин гурӯҳи оппозитсияи давлати Афғонистон

Раиси иҷроии эътилофи бузурги миллии Афғонистон бар ташкили давлати муваққат дар ин кишвар таъкид кард.  

Аҳмадзиёи Масъуд эълом кард, аҳзоби сиёсии ин кишвар бояд давлати муваққатеро барои тазмини шаффофияти интихоботи парлумонӣ ва раёсатҷумҳурии Афғонистон ташкил диҳанд.

Вай афзуд: Танҳо роҳе, ки метавонад шаффофияти интихоботи парлумонӣ ва раёсатҷумҳурии ин кишварро тазмин кунад, ташкили давлати муваққат аст, зеро давлати кунунии Афғонистон барои муҳандисии интихобот дар ин кишвар талош мекунад.