Таъкиди Имрон Хон бар ҳимоят аз кашмириҳо
(last modified 2018-09-06T11:44:45+00:00 )
Сентябр 06, 2018 16:44 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Имрон Хон бар ҳимоят аз кашмириҳо

Нахуствазири Покистон бар ҳимоят аз кашмириҳо таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Умрон Хон, нахуствазири Покистон дар дидори Масъуд Хон, раиси минтақаи Кашмири Покистон эълом кард, Исломобод ҳаросе аз идомаи ҳимоятҳои сиёсӣ, дипломатӣ ва ахлоқӣ аз мардуми мазлуми минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд надорад.

Умрон Хон гуфт, Исломобод дар талош аст, то аз тариқи гуфтугӯ бо масъулони Созмони Милали Муттаҳид, Ҳиндро мутақоид кунад, ки таъйини сарнавишти Кашмири таҳти контроли ин кишварро ба дасти мардум он бисупорад.

Вай ҳамчунин иқдоми хасмона ва ҳамалоти низомиёни ҳиндӣ зидди кашмириҳоро маҳкум кард.

Ҳинд солҳо аст бо мустақар кардани ҳазорон низомӣ, манотиқе аз Кашмирро ба контроли худ, дароварда ва тайи се даҳа беш аз 68 ҳазор нафарро ба қатл расондааст.

Мардуми Кашмир хоҳони иҷрои қатъномиа Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи баргузории ҳамапурсӣ барои таъйини вазъияти Кашмир ҳастанд.

Бахше аз Кашмир дар хоки Ҳинд ва бахше дигар дар хоки Покистон қарор дорад, аммо ҳар ду кишвар иддаои моликият бар тамоми Кашмирро доранд.