Сентябр 06, 2018 20:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳадафманд будани ҳамалоти террористии ғарби Кобул

Муовинони раисиҷумҳур ва раёсати иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон, ҳамалоти террористии асри чаҳоршанбе дар ғарби Кобул (пойтахти Афғонистон)-ро ҳадафманд донист.

Сарвар Дониш, муовин аввал раис ҷумҳури Афғонистон рӯз панҷ шанбе дар баёниае дар вокуниш ба ҳамалот террористи ғарб Кобул гуфт , ин ҳамалот ҳадафманд ва барнома рези шуда зидди шиъён иҷро шуд.

Сарвар Дониш афзуд, душманон ҷиноёти бешуморе дар Афғонистон муртакиб мешаванд ва ниерӯҳои амниятӣ, бояд барои барқарории амният дар ин кишвар талоши бештаре анҷом диҳанд.

Муҳаммад Муҳаққиқ, муовини дуввуми раёсати иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон низ дар вокуниш ба ҳамалоти террористии ғарби Кобул гуфт, ниҳодҳои амниятии ин кишвар бояд, барномаҳои муназзаме барои хунсо кардани ҳамалоти террористӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандони афғон дошта бошанд.

Асри рӯзи чаҳоршанбе бар асари дар ду инфиҷори террористӣ дар минтақаи Дашти Барчӣ дар ғарби Кобул, ҳудуд 30 нафар аз ҷумла ду хабарнигор кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.