Сентябр 08, 2018 08:45 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши саҳми коргарони хориҷӣ дар бахши сохтусози Русия дар соли 2019

Муовини нахуствазири Русия эълом кард, ки барои бори нахуст дар ин кишвар дар соли 2019 саҳмияи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар бахши сохтусоз коҳиш хоҳад ёфт.

Ба гузориши сайти иттилоърасонии ҳукумати Русия, хонум Татяна Голикова дар нишасти комиссияи масоили кор ва умури иҷтимоӣ гуфтааст, ки дар соли 2019 бояд саҳми коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар бахши сохтусози ин кишвар ба 80 дарсад бирасад.

Вай таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир шаш миллиону 300 ҳазор нафар дар бахши сохтусоз дар Русия фаъолият мекунанд, ки аксари онон коргарони муҳоҷири хориҷӣ ҳастанд.

Бар асоси омори Вазорати кори Русия, дар ин кишвар теъдоди ширкатҳое, ки 80 то 100 дарсад коргарони худро аз миёни коргарони муҳоҷири хориҷӣ истихдом кардаанд, рӯ ба афзоиш аст.

Дар соли 2016 теъдоди ин ширкатҳо 7.7 дарсадро дар бахши сохтусоз дар Русия ташкил мекард, ки дар соли 2018 ба 14,5 дарсад афзоиш ёфтааст.

Манобеи созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия мегӯянд, ки беш аз 60 дарсад аз байни як миллиону 500 ҳазор то ду миллион нафар аз атбои ин кишвар, ки дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекунанд, дар бахши сохтусоз машғул ба кор ҳастанд.