Интиқоди Вендӣ Шерман аз сиёсатҳои зиддибарҷомии Трамп
(last modified Sat, 08 Sep 2018 15:21:45 GMT )
Сентябр 08, 2018 20:21 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Вендӣ Шерман аз сиёсатҳои зиддибарҷомии Трамп

Музокиракунандаи аршади ҳастаии Амрико дар гуфтугӯҳои 1+5 бо ҷумҳурии исломии Эрон, аз сиёсатҳои зиддибарҷомии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико интиқод кард.  

Вендӣ Шерман, дипломати собиқ ва музокиракунандаи аршади ҳастаии Амрико дар гуфтугӯҳои 1+5 бо ҷумҳурии исломии Эрон дар мақолае дар нашрияи Форин Афейрз, бо таъкид бар ин нукта, ки Эрон токунун ба мафоди БАРҶОМ пойбанд будааст навишт, тасмими Трамп барои хуруҷ аз ин тавофуқнома, дунёро нисбат ба пойбандии Амрико ба дипломатияи чандҷониба беэътимод кардааст.  

Вай ҳамчунин бо ишора ба инки БАРҶОМ дар ҳукми ҳунари дипломатияи чандҷониба ҳирфаӣ аст афзуд, бо ҳар твити таҳдидомези Трамп ва феҳристе аз ваъдаҳои тухолии давлати ӯ, имтиёзоти тавофуқномаи ҳастаии Эрон бештар ба чашм меояд.