Мавзеъгирии нависандаи олмонии исломситез алайҳи мусулмонон
Яке аз чеҳраҳои сиёсии исломситези Олмон бори дигар зидди мусулмонон мавзеъ гирифт.
Ба гузориши Спутник, Тило Саррасин (Thilo Sarrazin), сиёсатмадор ва нависандаи исломситези олмонӣ гуфтааст, бояд аз муҳоҷирати мусулмонон ба Олмон ҷилавгирӣ шавад.
Вай афзудааст, мусулмононе, ки дар Олмон зиндагӣ мекунанд бояд ба шиддат барои ҳамгароӣ ва ҷазб шудан дар ҷомеа, таҳти фишор қарор гиранд. Ба гуфтаи ин сиёсатмадори тундрав, ҳамаи муҳоҷирон мусулмон бояд ба кишвари худ бозгарданд ва ин қонун бояд, шомили ҳамаи паноҳҷӯён низ бишавад.
Мавзеъгириҳои ин сиёсатмадори тундрав дар солҳои ахир алайҳи мусулмонон ва дини Ислом бо вокунишҳои густурдае мувоҷиҳ шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки Ислом дуввумин дин дар Олмон аст ва мусулмонон ҳудуди чаҳоруним миллион нафар аз ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд.