Сентябр 09, 2018 12:47 Asia/Dushanbe
  • Гузориши  хабарӣ :Талоши Комиссияи интихоботи Афғонистон ба таъмини саломати интихобот

Комиссияи интихоботи Афғонистон дар талош барои таъмини саломати интихобот ва амонатдорӣ аз орои мардум, 78 ҳазор шиносномаи такрориро шиносоӣ кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, сухангӯи Комиссияи интихоботи Афғонистон пас аз ифшогарии аҳзоб дар бораи сабти шиносномаҳои ҷаълии раъйдиҳандагон дар интихобот эътироф кард, аз чаҳоруним миллион афроди сабти ном шуда дар интихобот, дастикам 78 ҳазор шиноснома такрорӣ ва ҷаълӣ сабт шуда, ки пас аз шиносоӣ аз феҳристи ниҳоии раъйдиҳандагон хориҷ шудааст.

Саидҳафизуллоҳ Ҳошимӣ афзуд, бо мутахаллифоне, ки аз шиносномаи ҷаълӣ барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси миллии Афғонистон истифода кунанд, бархӯрд хоҳад шуд.

Ҳафта гузашта эътилофи бузурги миллии Афғонистон, ки бузургтарин эътилофи мухолифоти давлати Афғонистон маҳсуб мешавад, эълом кард, иттилооте дар ихтиёр дорад, ки нишон медиҳад, ҳудуди сад ҳазор нафар бо шиносномаи тақаллубӣ барои ширкат дар интихобот сабт ном кардаанд. Бо ин ҳол, Руҳуллоҳ Аҳмадзай, сухангӯи идораи сабти аҳволи Афғонистон муддаӣ аст, теъдоди афроде, ки аз шиносномаҳои ҷаълӣ дар фароянди интихобот сабти ном кардаанд ба мизоне, ки аҳзоби мухолиф иддао мекунанд нест.

Интихоботи парлумони Афғонистон қарор аст пас аз се сол таъхир дар бистумт октябрт солт ҷорӣ баргузор шавад, ки раванди баргузории он ҳамчунон мавриди ихтилофи давлат ва аҳзоби мухолиф аст.

Ба ҳамин далел, ин аҳзоб ҳушдор додаанд дар сурати адами ислоҳи низоми интихоботӣ, монеи баргузории он хоҳанд шуд. Аҳзоби мухолифи давлати Афғонистон ахиран дар нишасти муштарак, Комиссияи интихобот ва давлати Афғонистонро ба талош барои муҳандисии интихоботи парлумонӣ, муттаҳам карданд ва истифода аз системаи биометриро дар интихоботи ояндаи ин кишвар хостор шуданд.

Раиси Комиссияи интихоботи Афғонистон ҳам эълом кард, ин комиссия дар истифода аз системаи биометрӣ (равиши навини ташхиси ҳувият)дар интихоботи парлумонӣ нотавон аст, аммо баргузории интихоботи солим ва ба дӯр аз ҳар гуна тақаллубро дар раванди интихоботи парлумонии Афғонистон тазмин мекунад, то ҳуқуқи касе зойеъ нашавад.

Дар ҳамин ҳол Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллӣ низ хоҳони баргузории интихоботи шаффоф ва одилона шуд ва ибрози умедворӣ кард, Комиссияи интихобот низ ба вазоифи худ амал кунад.