Сентябр 10, 2018 13:56 Asia/Dushanbe
  • Суқути шаҳристони Хамоб дар вилояти Ҷузҷони Афғонистон

Шаҳристони Хамоб дар вилояти Ҷузҷон (шимоли Афғонистон) дар ҳамлаи субҳи имрӯзи душанбеи Толибон суқут кард.

Ба гузориши хабаргузории Ово, шаҳристони Хамоб  пас аз ду рӯз даргирӣ миёни неруҳои амниятии Афғонистон ва Толибон ба тасарруфи ин гурӯҳ даромад.

Фақирмуҳаммад Ҷузҷонӣ, фармондеҳи пулиси вилояти Ҷузҷон гуфт, талош‎ҳо барои бозпас‎гирии ин шаҳристон аз Толибон оғоз шудааст.

Дар ҳамин ҳол Шермуҳаммад Нур, узви Шӯрои вилояти Ҷузҷон низ гуфт, агар нируҳои ҷадиди амниятӣ ба шаҳристони Хамоб эъзом нашаванд, шаҳристонҳои панчгонаи Оқча дар вилояти Ҷузҷон низ дар ҳамлаи Толибон суқут хоҳад кард.

Дирӯз ҳам шаҳристон Дай Мирдод дар вилояти Майдон Вардаки Афғонистон дар ҳамлаи Толибон суқут кард.

Шаҳристони Хамоб дар 170 километрии шаҳри Шибирғон, маркази вилояти Ҷузҷон қарор дорад, ки бо кишвари Туркманистон ҳам‎марз аст.

Дар ҳамин ҳол эълом шуд, се фармондеҳи Толибон ба номҳои Мулло Аҳмадшоҳ, Мавлавӣ Сайфиддин машҳур ба Ҳазифа ва Мавлавӣ Назир ба ҳамроҳи даҳ нафар дигар аз аъзои ин гурӯҳ, рӯз гузашта дар ҳамалоти нируҳои амниятии Афғонистон дар вилоятҳои Ғӯр, Бағлон ва Бодғис кушта шуданд. Дар ин амалиёт даҳ нафар аз нируҳои амниятии Афғонистон низ кушта шуданд.