Озодсозии шаҳристоне дар майдони Вардаки Афғонистон аз тасарруфи Толибон
Сентябр 10, 2018 18:13 Asia/Dushanbe
Шаҳристони Даймирдод дар вилояти майдони Вардак ба контроли нерӯҳои давлатии Афғонистон даромад.
Шарифуллоҳи Ҳотак, узви Шӯрои вилоятии майдони Вардак мегӯяд: Шаҳристони Даймирдод, ки рӯзи гузашта дар ҳамлаи таҳоҷумии Толибон суқут карда буд, дубора ба контроли давлати Афғонистон даромадааст.
Ҳотак афзуд: Дар ҳамлаи Толибон ба Шаҳристони Даймирдод дастикам 25 нерӯи амниятии Афғонистон кушта ва шумори дигаре низ захмӣ шуданд.