Боздошти узви гурӯҳи террористии ДИИШ дар Русия
Сентябр 10, 2018 20:21 Asia/Dushanbe
Созмони амнияти федерали Русия аз боздошти як узви гурӯҳи террористии ДИИШ вобаста ба Созмони амнияти Украина хабар дод.
Созмони амнияти федерали Русия эълом кард, маъмурони ин созмон дар вилояти Смоленск дар ғарби ин кишвар як узви ДИИШ ба номи Маҷид Муҳаммадовро боздошт карданд.
Созмони амнияти федерали Русия гузориш дод, Маҷид Муҳаммадов аз сокинони ҷумҳурии Доғистон аст, ки ба суфориши Созмони амнияти Украина қасди анҷоми амалиёти террористӣ дошт.
Барчасп