Сентябр 11, 2018 16:10 Asia/Dushanbe
  • Дархости ташкили ҷаласаи Шӯрои амният барои баррасии Нишасти сеҷонибаи Теҳрон

Дафтари намояндагии доими Русия дар Созмони милали муттаҳид, баргузории нишасти Шӯрои амнияти ин созмонро барои баррасии натоиҷи Иҷлоси сеҷонибаи Теҳрон дар бораи Сурия хостор шуд.

Федор Стржижовский, сухангуи дафтари намояндагии доими Русия дар Созмони милал гуфт: Русия дархост кардааст, ки нишасти Шӯрои амнияти ин созмон дар сешанбе бо меҳвари баррасии натоиҷи Нишасти Теҳрон дар бораи Сурия баргузор шавад.  

Ҳасани Рӯҳонӣ, Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисони ҷумҳури Эрон, Русия ва Туркия дар Нишасти сеҷонибаи рӯзи ҷумъаи 7 сентябр дар Теҳрон, дар баёнияе эълом карданд, мунозиаи Сурия ҳеҷ роҳҳалли низомӣ надорад ва фақат аз тариқи фароянди сиёсӣ ва музокира метавон ба он поён дод.