Вокуниши Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон ба изҳороти сафири Туркия
Сентябр 12, 2018 16:12 Asia/Dushanbe
Вазорати хориҷаи Қирғизистон нисбат ба изҳороти сафири Туркия дар ин кишвар дар бораи фаъолияти мадориси мавсум ба Сапат вокуниш нишон дод.
Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар вокуниш ба изҳороти Чингиз Комил Фират, сафири Туркия дар ин кишвар дар бораи фаъолияти муассисаҳои омӯзишии қирғизии мавсум ба Сапат, хостори ироа иттилоърасонии дақиқи мақомоти турк ба афкори умумӣ шуданд.
Мақомоти Туркия борҳо бар зарурати таътил шудани муассисаҳои омӯзишии Сапат ба далели равобити раисони он бо тарафдорони Фатҳуллоҳ Гулен, муттаҳами кудатои нофарҷоми июли 2016 таъкид карданд.
Барчасп