Сентябр 12, 2018 17:27 Asia/Dushanbe
  • Маҷлиси Сенати Афғонистон хостори ташкили ҳукумати муваққат

Маҷлиси Сенати Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз куштори мардум ва ҳамалоти мухолифон, баргузории Лояи Ҷирга ва ташкили ҳукумати муваққатро хостор шуд.

Шуморе аз намояндагони Маҷлиси Сенати Афғонистон аз афзоиши ноамниҳо ва куштори ғайринизомиён дар ин кишвар ибрози нигаронӣ карданд ва баргузории Лояи Ҷиргаро барои бурунрафт аз ин вазъият ва ташкили ҳукумати муваққат хостор шуданд.

Раҳматуллоҳи Ачакзай, намояндаи Қандаҳор ва Муҳаммадтайиби Ато, намояндаи Кунар дар Маҷлиси Сенати Афғонистон гуфт: Вазъияти амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистон ҳар рӯз буҳронитар мешавад ва давлати Ашраф Ғанӣ дар маҳори буҳрон нотавон аст, ба ҳамин сабаб бояд Лояи Ҷирга ташкил ва давлати муваққат ташкил шавад.