"Кохи паранда"и Эрдуғон ҷанҷол офарид
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38051-Кохи_паранда_и_Эрдуғон_ҷанҷол_офарид
Изофа шудани як фарванд ҷети ихтисосии 400 миллион долларии VIP 747-8 ба ҷамъи васоили нақлияи раёсатҷумҳурии Туркия, он ҳам дар буҳрони иқтисодии феълии ин кишвар, боиси интиқоди ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ аз Эрдуғон шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 13, 2018 12:14 Asia/Dushanbe

Изофа шудани як фарванд ҷети ихтисосии 400 миллион долларии VIP 747-8 ба ҷамъи васоили нақлияи раёсатҷумҳурии Туркия, он ҳам дар буҳрони иқтисодии феълии ин кишвар, боиси интиқоди ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ аз Эрдуғон шуд.

Манобеи муттлеъ мегӯянд, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ба тозагӣ як ҳавопаймои ҷети хусусии бисёр люкс ва гаронқиммат аз давлати Қатар дарёфт кардааст.  

Ба навиштаи вебгоҳи Аҳвол, аз сайтҳои мухолифи давлати Туркия, ҷети VIP-и нав модели 747-8 сохти ширкати Боинг, ки 400 миллион доллар арзиш дорад, рӯзи чаҳоршанбе дар фурудгоҳи Истамбул ба замин нишаст.

Ин масъала интиқоди шадиди муовини ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ (CHP)-ро дар пай дошт, ки ин ҷети люкси чанд сад миллион долларии дорои ҳафт утоқи хоб ва ду салони пазироии бузургро ба кохи паранда ташбеҳ кард.

Муовини ҳизби ҷумҳурихоҳи халқи Туркия дар номае эътирозӣ ба Фуад Октай, муовини Эрдуғон навишт: “Кохи раёсатҷумҳурӣ аз мардуми Туркия мехоҳад, ки рӯзона маблағе сарфаҷуӣ кунанд, аммо ҳамон афрод, ки хостори иқдомоти риёзатӣ ҳастанд, наметавонанд аз люксгароӣ ва худнамоӣ даст бардоранд”.