Ришваи 5 миллиард долларии Трамп ба Маҳмуд Аббос
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38072
Манобеи амрикоӣ гузориш доданд, давлати Амрико ба раиси Ташкилоти худгардони Фаластин пешниҳод кардааст, ки панҷ миллиард доллар дарёфт кунад ва ба мизи музокироти созиш бозгардад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 14, 2018 20:00 Asia/Dushanbe
  • Ришваи 5 миллиард долларии Трамп ба Маҳмуд Аббос

Манобеи амрикоӣ гузориш доданд, давлати Амрико ба раиси Ташкилоти худгардони Фаластин пешниҳод кардааст, ки панҷ миллиард доллар дарёфт кунад ва ба мизи музокироти созиш бозгардад.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, манобеи дипломатии амрикоӣ эълом карданд, ин пешниҳодро тими музокироти созиш ба раёсати Ҷаред Кушнер, домод ва мушовири аршади Трамп ва Ҷейсон Гринблатт (Jason Greenblatt), фиристодаи вижаи Амрико дар минтақаи Ховари Миёна ба раисиҷумҳури Амрико додаанд.

Бар асоси ин гузориш, қарор аст, Ташкилоти худгардон панҷ миллиард доллар дигар низ аз кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс ва Иттиҳодияи Аврупо дарёфт кунад.

Давлати Трамп 200 миллион доллар аз кӯмакҳои Кохи Сафед ба Ташкилоти худгардони Фаластин ва низ кӯмакҳои худ ба Ожонси имдодрасонӣ ва корёбии Созмони Милали Муттаҳид барои оворагони фаластинӣ (UNRWA)-ро коҳиш додааст ва кӯмак ба бемористонҳои фаластинӣ дар шарқи шаҳри ишғолии Қудсро низ қатъ кардааст.