Сентябр 14, 2018 20:14 Asia/Dushanbe
  • Кинояи Лавров ба амрикоиҳо дар бораи Сурия

Вазири  умури хориҷаи Русия дар вокуниш ба ибрози нигаронии Амрико барои ғайринизомиёни сурияӣ дар устони Идлиб, рафтори онон бо ғайринизомиён дар амалиёти соли қабл дар Раққаро ёдоварӣ кард.

Ба гузориши шабакаи ал-Маёдини Лубнон, Сергей Лавров, ки рӯзи ҷумъа дар як нишасти тиҷории русӣ-олмонӣ дар Берлин суханронӣ мекард гуфт: Мо ба нобудии коргоҳҳои сохти силоҳ дар устони Идлиб идома хоҳем дод, вале мувозиби ғайринизомиён дар ин устон ҳастем.

Вазири умури хориҷаи Русия дар идома афзуд: Се кишвари Русия, Эрон ва Туркия ҳаргиз ҳаммонанди этилофи Амрико дар устони Раққа амал нахоҳанд кард.

Ишораи Лавров ба амалиёти этилофи ба истилоҳ зидди ДИИШ-и Амрико дар июн то октябри 2017 барои озодсозии шаҳри Раққа, пойтахти худхондаи гурӯҳи террористии ДИИШ дар соли гузаштааст, ки шумори зиёде ғайринизомӣ дар ин амалиёт кушта шуданд.

Лавров дар мавриди ҳамкориҳои сеҷонбаи кишварҳои зомини раванди Остона дар Сурия низ гуфт, ки Эрон, Русия ва Туркия қасд доранд дар устони Идлиб гузаргоҳҳои амн барои хориҷ шудани ғайринизомиён аз манотиқи таҳти ишғоли террористҳо ташкил диҳанд.

Вазири хориҷаи Русия иддаои баъзе расонаҳо дар бораи оғози амалиёти артиши Сурия барои бозпасгирии устони Идлиб аз террористҳоро рад кард ва гуфт, дар ҳоли ҳозир неруҳои Русия ва Сурия танҳо ба ҳамлаҳои террористҳо дар ин устон посух медиҳанд.