Сентябр 15, 2018 17:00 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисҷумҳури Қазоқистон ба Туркия

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон пас аз дидор бо ҳамтои туркияии худ гуфт: Остона ва Анкара дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ, рӯйкарде яксон доранд.

Назарбоев пас аз дидор бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо таҷлил аз сатҳи хуби равобити дуҷониба, ҳимояти кишвараш аз сиёсатҳои Анкара дар арсаҳои байналмилалиро эълом ва аз пешрафтҳои ҳосилшуда дар Шӯрои ҳамкории кишварҳои мавсум ба туркзабон истиқбол кард.  

Изҳороти Назарбоев дар ҷарёни дидор бо ҳамтои турки худ нишон медиҳад, давлати Остона қасд дорад, ҳаҷми ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсии Қазоқистон бо Туркияро ба мизони чашмгире афзоиш диҳад.  

Афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории Қазоқистон бо Туркия ба мизони тавофуқшудаи сарони Анкара ва Остона нарасидааст.

Аммо муносиботи Остона ва Анкара, пас аз истиқлоли Қазоқистон дар 1991, ҳамвора раванди мусбате доштааст.  

Дар заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Қазоқистон ва Туркия, Алии Валиқулизода, коршиноси сиёсӣ дар мақолае навиштааст:

"Қазоқистон муҳимтарин бозигари Осиёи Марказӣ аст, ки ба раёсати Нурсултон Назарбоев ҳамвора дар ростои идеаи таъсиси иттиҳоди кишварҳои туркзабон ва соири ниҳодҳо ва ташкилоти байналмилалии мутааллиқ ба ҳавзаи ҷуғрофиёӣ-фарҳангии кишварҳои туркзабон ҳамгом ва мувозӣ бо сиёсатҳои Туркия ҳаракат кардааст".  

Туркҳо дар маҷмуъ наздик ба ду миллиард доллар бавижа дар ҳавзаҳои нафт, иртиботот аз роҳи дур, ҳотелдорӣ ва умури бонкии Қазоқистон сармоягузорӣ кардаанд.  

Як воқеияти муҳим дар муносиботи Қазоқистон ва Туркия узвияти ду кишвар дар Созмони ҳамкории иқтисоди (Эко) ва Созмони ҳамкории исломӣ (OIC) аст, ки аҳаммияти зиёде дар ростои тавофуқҳои ду кишвар дорад.

Дар воқеъ илова бар ҳамкориҳои дуҷониба, ду кишвар метавонанд дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ низ бо якдигар дар чорчуби Эко ва OIC ҳамкориҳои худро тақвият намоянд.