Трамп дар фикри барканории Ҷеймс Матис аз Вазорати дифои Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38116-Трамп_дар_фикри_барканории_Ҷеймс_Матис_аз_Вазорати_дифои_Амрико
Як рӯзномаи амрикоӣ ба нақл аз мақомоти мухталифи ин кишвар гузориш дод, ки Трамп дар фикри барканории Ҷеймс Матис аз симмати раёсати Пентагон аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 16, 2018 19:23 Asia/Dushanbe
  • Трамп дар фикри барканории Ҷеймс Матис аз Вазорати дифои Амрико

Як рӯзномаи амрикоӣ ба нақл аз мақомоти мухталифи ин кишвар гузориш дод, ки Трамп дар фикри барканории Ҷеймс Матис аз симмати раёсати Пентагон аст.

Баъд аз мунташир шудани гузоришҳое мабнӣ бар эҳтимоли истеъфои Ҷеймс Матис, вазири дифои Амрико, акнун гуфта мешавад, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар, худ дар фикри барканории ӯст.

Рӯзномаи Ню-Йорк Таймз дар матлабе гузориш дод, муддате аст, ки шоми муштараки Матис бо Трамп қатъ шудааст.

Ба навиштаи ин рӯзнома, дар тамоми мусоҳибаҳои гирифташуда аз даҳҳо мақоми Кохи Сафед, конгресс, мақомоти феълӣ ва пешини Вазорати дифои Амрико таи шаш ҳафтаи гузашта, ҳиссе аз вахим шудани равобити ин ду нафар ғолиб аст.