Ҷосусии Исроил аз ҳамаи корбарони Фейсбук ва Твиттер
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38117-Ҷосусии_Исроил_аз_ҳамаи_корбарони_Фейсбук_ва_Твиттер
Викиликс ифшо кард, режими саҳюнистӣ барои расади фаъолиятҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар саросари ҷаҳон маркази фармондеҳии маҷозӣ дар Телавив эҷод кардааст.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 16, 2018 19:35 Asia/Dushanbe
  • Ҷосусии Исроил аз ҳамаи корбарони Фейсбук ва Твиттер

Викиликс ифшо кард, режими саҳюнистӣ барои расади фаъолиятҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар саросари ҷаҳон маркази фармондеҳии маҷозӣ дар Телавив эҷод кардааст.  

Сайти ифшогари Викиликс бо интишори видеое ду дақиқаӣ эълом кард, Исроил барои расади тамоми фаъолиятҳои корбарон дар шабакаҳои Твиттер ва Фейсбук, як маркази фармондеҳӣ дар шаҳри Телавив эҷод кардааст.

Ин марказ барои муқобила бо дидгоҳҳои зиддсаҳюнистӣ бо истифода аз ҳуши маснуӣ рӯзона ҳамаи навиштаҳо ва назароти корбарон дар ин шабакаҳои иҷтимоиро расад мекунад.