Таъкиди Амано бар пойбандии Эрон ба иҷрои тааҳҳудоташ дар БАРҶОМ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38135-Таъкиди_Амано_бар_пойбандии_Эрон_ба_иҷрои_тааҳҳудоташ_дар_БАРҶОМ
Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ таъкид кард, Эрон ба тааҳҳудоти ҳастаии худ бар асоси тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ амал мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 17, 2018 11:43 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Амано бар пойбандии Эрон ба иҷрои тааҳҳудоташ дар БАРҶОМ

Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ таъкид кард, Эрон ба тааҳҳудоти ҳастаии худ бар асоси тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ амал мекунад.

Юкия Амано дар аввалин рӯзи оғоз ба кори шасту дувумин нишасти Маҷмаи умумии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ афзуд: Ожонс ба ростиозмоӣ ва адами инҳирофи Эрон таҳти мувофиқатномаи подмон, идома медиҳад.

Ожонс 30 август дар гузориши ҷадиди худ барои давоздаҳумин бор аз замони иҷрои БАРҶОМ ва барои дувумин бор пас аз хуруҷи Амрико аз ин тавофуқ тайид кард, иқдомот ва фаъолиятҳои ҳастаии Эрон комилан мунтабиқ бо ин тавофуқи байналмилалии аст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 8 майи 2018 хуруҷи ин кишвар аз тавофуқи ҳастаиро эълом кард.