Сентябр 18, 2018 14:53 Asia/Dushanbe
  • Бими Трамп аз рӯёрӯӣ бо мавзӯи Эрон дар СММ

Рӯзномаи “Вашингтон пост” аз парҳези давлати Амрико барои ташкили ҷаласае ба раёсати Трамп дар бораи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар дод.

“Вашингтон пост” ба нақл аз дипломатҳои огоҳ, ки хостанд, номашон фош нашавад, гузориш дод, Доналд Трамп ба ҷойи он ки ҷаласае дар бораи Эрон дошта бошад, нишастеро бо унвони манъи тавсеаи ҳастаӣ ва ҳаққи ҳокимият идора хоҳад кард.

Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар Созмони Милал пештар гуфта буд, нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар 26 сентябр ба раёсати Трамп ва барои баррасии фаъолиятҳои минтақаӣ ва соири мавзӯоти муртабит бо Эрон ташкил мешавад.

Амрико дар моҳи сентябри кунунӣ раёсати давраии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро бар уҳда дорад.

Ҳейли ва мақомҳои Кохи Сафед аз изҳори назар дар хусуси иллати тағйири мавзӯи ҷаласаи 26 сентябр худдорӣ кардаанд. Аммо “Вашингтон пост” менависад, тасмим ба тамаркузи ин ҷаласа бар Эрон нигаронкунанда аст, зеро дар ин сурат ихтилофоти амиқи Амрико бо Фаронса ва Бритониё бар сари Эрон ва тавофуқи ҳастаии БарҶОМ ошкортар мешавад. Аз сӯи дигар Русия аз Шӯрои амният хостааст, ки ҷаласаи 26 сентябр ба абъоди хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ бипардозад. Бархе мақомҳои амрикоӣ низ ибрози нигаронӣ кардаанд, ки дар ин сурат, тибқи маншури СММ, Эрон метавонад дар он ҷаласа ширкат кунад, зеро тарафи ихтилоф таҳти расидагӣ аст ва оқибатҳои ташкили чунин ҷаласае бимнок хоҳад буд.