Сентябр 18, 2018 18:33 Asia/Dushanbe
  • Маскав сафири режими саҳюнистиро эҳзор кард

Вазорати хориҷаи Русия сафири режими саҳюнистиро ба дунболи сарнагунии ҳавопаймои рус дар Сурия эҳзор кардааст.

Давлати Русия эълом кард, сафири режими саҳюнистӣ дар Маскав ба дунболи сарнагунии ҳавопаймои рус дар Сурия ба Вазорати хориҷаи Русия эҳзор шудааст.

Мария Захарова, сухангуи Вазорати хориҷаи Русия дар паёме, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, навишт, ки сафири Исроил дар иртибот бо вақоеи ахир дар Сурия ба Вазорати хориҷаи Русия эҳзор шудааст.