Сентябр 19, 2018 17:03 Asia/Dushanbe
  • Таъмини амнияти азодорони Ошӯрои Ҳусайнӣ дар Афғонистон

Вазорати кишвари Афғонистон бар идомаи талошҳо барои таъмини амнияти азодорони Ошӯрои Ҳусайнӣ таъкид кард.

Дар эъломияи ин вазорат ба тамоми нерӯҳои полис дастур дода шудааст, дар ҳамоҳангӣ бо соири нерӯҳои амниятии кишвар, тадобири лозимро барои таъмини амнияти кишвар ба вижа амокини муқаддас, ки дар он маросими азодории Ошӯро баргузор мешавад, фароҳам кунанд.  

Вазорати кишвари Афғонистон ҳамчунин аз мардум тақозо кард, бо нерӯҳои полис ҳамкорӣ кунанд.

Эъломияи вазорат дар ҳоле содир мешавад, ки ҳамалоти гурӯҳҳои такфирӣ дар моҳҳои гузашта дар Кобул ба вижа дар манотиқи ҳазоранишин боиси нигаронии мардум шудааст.  

Давлати Афғонистон низ имсол бо вогузории силоҳ ба мардум, онҳоро дар таъмини амнияти ойинҳои муҳаррам саҳим кардааст.