Сентябр 21, 2018 20:53 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди намояндаи порлумони Афғонистон бар ҳимояти низомии Амрико аз ДИИШ

Як узви камиссиюни амниятии порлумони Афғонистон таъкид кард, ҷангандаҳои амрикоӣ барои тақвияти мавозеи ДИИШ дар шимоли ин кишвар, Толибонро ҳадаф қарор медиҳанд.

Ба гузориши ТАСНИМ, Диловари Аймоқ гуфт: Тасмими Толибон барои ширкат дар нишасти Маскав сабаб шуда, то Амрико амалиёти густардаеро алайҳи ин гурӯҳ дар шимоли Афғонистон оғоз кунад ки ин мавзӯъ сабаби тақвияти ДИИШ дар минтақа шуда аст .

Узви камиссиюни амниятии маҷлиси Афғонистон ҳамчунин изҳор дошт, террористҳои ДИИШ ахиран дар шимоли Афғонистони бисёр фаъол шудаанд, зеро Амрико Толибонро ҳадаф қарор медиҳад ва ДИИШ-ро нодида мегирад.

Пеш аз ин низ бисёре аз коршиносону намояндагони порлумони Афғонистон бар ҳимояти Амрико аз ДИИШ ба манзури тақвияти ин гурӯҳи террористӣ ва эҷоди буҳрон дар кишварҳои минтақа ва ҳамсояи Афғонистон таъкид карда  буданд.

Коршиносон муътақиданд, ки зуҳӯри ДИИШ дар Афғонистон бо тавваҷуҳ ба таҳаввулоти минтақа ва ҷаҳон барги ҷадиди бозии ғарбиҳо, ба вижа Амрико аст то аз ин тариқ замони лозим барои ҳузури баландмуддати Ғарб ҷиҳати пиёдасозии тарҳҳои ҷадид дар минтақаро ба даст оварад.