Сентябр 23, 2018 12:07 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 5 миллион афғон ниёзманди дарёфти кумакҳои изтирорӣ

Намояндаи вижаи Созмони милал гуфт: Беш аз панҷуним миллион нафар аз мардуми Афғонистон ниёзманди дарёфти кумакҳои изтирорӣ ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Тоби Ланзер намояндаи Созмони милал дар умури ҳамоҳангии башардӯстона барои Афғонистон дар конфронси хабарӣ, дар қароргоҳи ин созмон дар Ню-Йорк аз вахомати авзои инсонии Афғонистон, ба далели хушксолии густарда ибрози нигаронӣ кард.

Лнзер афзуд: Афғонистон бо бадтарин хушксолии чанд даҳаи ахир дар ин кишвар рӯбарӯ аст.

Намояндаи вижаи Созмони милал ҳамчунин таъкид кард: Танҳо дар чанд ҳафтаи ахир беш аз 250 ҳазор нафар ба далели хушксолӣ маҷбур ба тарки хонаҳои худ шудаанд.

Аз маҷмӯи 34 вилояти Афғонистон 20 вилоят дучори хушксолӣ аст ва ин падида зиндагии миллионҳо нафар аз мардуми ин кишварро таҳти таъсир қарор дода аст.