Вокуниши аҳли суннати Покистон ба изҳороти тавҳиномези муфтии саудӣ
(last modified Fri, 09 Sep 2016 12:12:50 GMT )
Сентябр 09, 2016 17:12 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши аҳли суннати Покистон ба изҳороти тавҳиномези муфтии саудӣ

Раиси Ҷамъияти Уламои Покистон таъкид кард, ки хонадони Оли Сауд лаёқат ва салоҳияти идораи Ҳарамайни шарифайнро надорад ва кумитае аз кишварҳои исломӣ бояд онро ба ӯҳда бигиранд.

Ба гузориши шабакаи ҷаҳонии "Саҳар", Пирмаъсум Нақавӣ, аз уламои аҳли суннат ва раиси Ҷамъияти Уламои Покистон гуфт, бетадбирӣ, сустӣ ва ноуҳдабароии мудирияти Арабистон боиси фоҷеаи соли гузаштаи Мино ва Масҷидулҳаром шуд, ки дар таърих ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.

Нақавӣ афзуд: "Мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси ҳаҷ , ҳамон мавзеи аҳли суннати Покистон аст ва бояд идораи умури ҳаҷ аз дасти режими саудӣ хориҷ шавад".

Раиси Ҷамъияти Уламои Покистон ҳамчунин дар вокуниш ба изҳороти тафриқаафканонаи Абдулазиз Оли Шайх, муфтии такфирии Арабистон дар бораи эрониён гуфт, ки ин гуна изҳороти наснҷида барои тафриқа ва ҷудоӣ миёни мусулмонон ва маҳкум ба шикаст аст.

Вай суханони тавҳиномези муфтии аъзами саудиро маҳкум кард ва гуфт, аз ин гуна изҳорот фақат душманон суд мебаранд.

Абдулазиз Оли Шайх, муфтии такфирии Арабистон сешанбеи гузашта дар мусоҳиба бо як расонаи арабӣ муддаӣ шуда буд, ки эрониён мусулмон нестанд.

Ҳазорон зоир, аз ҷумла 464 зоири эронӣ Иди Қурбони соли гузашта дар ҳоли анҷоми маносики ҳаҷ дар сарзамини Мино, ба далели ноуҳдабароии масъулони саудӣ ҷони худро аз даст доданд.