Сентябр 24, 2018 17:56 Asia/Dushanbe
  • Интиқод аз давлати Бритониё ба далели фурӯши силоҳ ба Арабистон

Раҳбари Ҳизби коргари Бритониё аз иқдоми давлати Тереза Мэй барои фурӯши силоҳ ба Арабистон интиқод кард.

Ба гузориши вебсойти “Irish Examiner”, Ҷереми Корбин таъкид кард, Лондон бояд фурӯши силоҳ ба Арабистони Саудиро мутаваққиф кунад, то хушунатҳои эҷод шуда дар Яман поён ёбад.

Вай афзуд, бомбаборони мардуми Яман ба дасти эътилофи Саудӣ бо истифода аз силоҳҳое анҷом мешавад, ки давлати Бритониё дар ихтиёри Риёз қарор медиҳад.

Арабистону ва Иморот бо ҳимояти Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ аз марти 2015 Яманро ҳадафи ҳамалоти ҳавоии худ қарор додаанд, ки аз он замон токунӯн ҳазорон нафар, аз ҷумла ду ҳазору 200 кӯдак кушта шудаанд.