Сентябр 25, 2018 16:56 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Толибон бо ваксинсияи фалаҷи кӯдакон дар Афғонистон

Гурӯҳи Толибон аз иҷрои тарҳи ваксинсияи фалаҷи атфол дар вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон ҷилавгирӣ мекунад.  

Исматуллоҳ Ҳиммат, аз масъулони идораи беҳдошт ва дармони вилояти Ҳилманд гуфт: Аъзои Толибон ба гурӯҳҳои ваксинсия иҷоза намедиҳанд, пансад ҳазор кӯдаки ин вилоятро дар баробари бемории фалаҷи атфол эминсозӣ кунанд.

Вай афзуд: Кӯдаконе, ки дар манотиқи таҳти контроли Толибон зиндагӣ мекунанд, аз ваксинсияи фалаҷи атфол маҳрӯм мемонанд.  

Ин масъулони идораи беҳдошт ва дармони вилояти Ҳилманд гуфт: Танҳо дусад ҳазор кӯдак дар шаҳри Лашкаргоҳи маркази ин вилоят ва се шаҳристони дигари ин вилоят таҳти пушиши барномаи ваксинсияи атфол қарор мегиранд.  

Ин мақоми маҳаллӣ ҳушдор дод, дар сурте, ки Толибон иҷоза надиҳанд, тимҳои ваксинсия вазоифи худро анҷом диҳанд, шумори кӯдакони мубтало ба фалаҷи атфол дар ин вилоят афзоиш меёбад.

Афғонистон, Покистон ва Нигерия аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки бисёре аз кӯдаконашон аз бемории фалаҷи атфол ранҷ мебаранд.