Сентябр 25, 2018 17:29 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Раисҷумҳури Эрон марде дӯстдоштанӣ аст

Раисҷумҳури Амрико, ки борҳо эълом карда, хостори дидор бо мақомҳои Эрон аст, ҳоло дар твиттераш навиштааст, ки “барномае барои дидор бо раисҷумҳури Эрон надорам”.

Доналд Трамп, ки қарор аст имрӯз дар Маҷмаи умумии Созмони милал суханронӣ кунад, дар саҳифаи Твиттери худ таъкид кардааст, ки барномае барои дидор бо ҳамтои эрониаш дар Ню-Йорк надорад.

Доналд Трамп дар айни ҳол навиштааст: “Шояд рӯзе дар оянда дидор кунем. Ман мутмаинам, ки Рӯҳонӣ як марди фавқулода дӯстдоштанӣ аст”.  

Изҳори назари твиттерии раисҷумҳури Амрико дар шароите анҷом шуда, ки мақомҳои эронӣ аз шахси раисҷумҳур то вазири хориҷа ҳамвора эълом кардаанд, ки барои дидори эҳтимолии байни Эрон ва Амрико ба вижа баъд аз хуруҷи ғайриқонунии Вашингтон аз тавофуқи байналмилалии БАРҶОМ ҳеҷ далел ва барномае вуҷуд надорад.

Дар ҳамин иртибот, раисҷумҳури Эрон, ки барои ширкат дар Нишасти Маҷмаи умумии Созмони милал дар Ню-Йорк ҳузур дорад, дар як нишасти хабарӣ таъкид кард, ки “хосияте дар дидор бо Трамп намебинам”.