Трамп алайҳи ҷаҳон, ҷаҳон алайҳи Трамп
(last modified Wed, 26 Sep 2018 15:44:12 GMT )
Сентябр 26, 2018 20:44 Asia/Dushanbe
  • Трамп алайҳи ҷаҳон, ҷаҳон алайҳи Трамп

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар дуввумин ҳузури худ дар Маҷмаи умумии Созмони милал алайҳи чандҷонибагароии байналмилалӣ эълони ҷанг дод.

Доналд Трамп дар баробари даҳҳо тан аз сарон ва намояндагони аршади кишварҳои ҷаҳон дар Созмони милал гуфт: “Мо ҷаҳонӣ шуданро рад мекунем ва идеологияи меҳанпарастонаро мепазирем”.  

Созмони милал бо талоши раҳбарони кишварҳои дар ҷанг бо натсизм аз ҷумла Амрико дар даврони ҷанги ҷаҳонии дувум поягузорӣ ва мақарри он низ шаҳри Ню-Йорк дар ин кишвар таъин шуд.

70 сол баъд, Амрико на фақат умдатарин кишвари баҳрабардор аз Созмони милал буд.

Дар ин муддат, Амрико ба унвони ҳофиз ва посдори назми ҷаҳони мубтанӣ бар мушорикатҷуии байналмилалӣ шинохта мешуд.

Ба назар мерасад, дар оғози даҳаи севуми қарни бисту якум, ҷаҳон бар сари як ду роҳии сарнавиштсоз қарор гирифтааст.

Ё ҷаҳон бояд ба таҳаққуқи шиори аввал Амрико тан диҳад ё инки дар ҷаҳон дар баробари нобудии сохторҳои мушорикатҷуёна муқовимат кунад ва баҳои онро низ бипардозад.

Ба назар мерасад, ҷаҳониён тасмим гирифтаанд, роҳи дувумро баргузинанд.

Хандаҳо ва ҳамҳамаи эҷодшуда дар ибтидои суханронии Трамп дар Нишасти Маҷмаи умумии Созмони милал нишон дод, ки якҷонибагароии манфиатталбонаи амрикоиҳо аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтанӣ нахоҳад буд.

Бен Родос, мушовири собиқи Барак Обама, раисҷумҳури собиқи Амрико дар твите навишт: Ба сахтӣ метавон умқи паёмадҳои мавриди тамасхур қарор гирифтани муҳимтарин ниҳоди давлати Амрикоро тавассути раҳбарони ҷаҳон дарк кунем.