Ванг Йи: БарҶом бояд ҳифз шавад
(last modified 2018-09-29T07:36:15+00:00 )
Сентябр 29, 2018 12:36 Asia/Dushanbe
  • Ванг Йи: БарҶом бояд ҳифз шавад

Вазири хориҷаи Чин рӯзи ҷумъа дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид хостори ҳифзи БарҶом шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ванг Йи бо таъкид бар ин ки Чин аз БарҶом ҳимоят мекунад, изҳор дошт, ин тавофуқи байналмилалӣ дар ростои манофеи муштараки ҳамаи тарафҳои он ва дар миқёси бузургтар, дар ростои манофеи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Вазири хориҷаи Чин хотирнишон кард, адами иҷрои комили БарҶом эътибор ва нақши Шӯрои амниятро зери суол хоҳад бурд.

Ванг Йи афзуд, БарҶом барои ҳифзи суботи ҷаҳон лозим аст.

Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ рӯзи панҷшанбе дар баёнияе хостори ҳифзи БарҶом шуда буд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико 8 – уми май бо такрори иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон, хуруҷи Вашингтон аз БарҶом ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густурдаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ шуд.

Британия, Фаронса, Русия, Чин, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо ба унвони тарафҳои БарҶом изҳор доштанд, аз ин тавофуқи байналмилалӣ ҳимоят мекунанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам пас аз эъломи хуруҷи Амрико аз БарҶом хотирнишон кард, агар манофеи миллати Эрон таъмин шавад, бо вуҷуди майли Амрико, Эрон дар БарҶом хоҳад монд.

Дар ҳамин росто, Эрон ва Аврупо дар ҳафтаҳои ахир гуфтугӯҳоеро ба манзури ҳифзи БарҶом пас аз хуруҷи Амрико аз ин тавофуқи байналмилалӣ оғоз кардаанд.

 

Барчасп