Нахуствазири ҷадид говмешҳои нахуствазири пешинро фурӯхт
Давлати Умронхон, нахуствазири Покистон бо музояда ва фурӯши ҳашт сар говмеши дафтари нахуствазирии пешини ин кишвар, пули онро ба хазонаи давлат ворез кард.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин говмешҳо дар мақари нахуствазирии Покистон нигаҳдорӣ мешуд ва бар асоси бархе ахбор, шири ин говмешҳо пас аз дӯшида шудан, дар ихтиёри Навоз Шариф, нахуствазири пешини ин кишвар ва хонаводааш қарор дода мешуд.
Ин говмешҳо ба қимати ду миллиону 300 ҳазор рупия, муодили 18 ҳазору 700 доллар фурӯхта шудааст.
Умронхон дар даврони интихоботиаш ваъдаи мубориза бо фасодро дода буд ва тасмим гирифт дар чорчӯби сиёсатҳои риёзатии худ, нисбат ба фурӯши ин говмешҳо иқдом кунад.
Пеш аз ин низ, дар пайи дастури Умронхон, нахуствазири Покистон, дар ростои иҷрои сиёсатҳои иқтисоди риёзатӣ, 70 дастгоҳ мошини люкси изофии дафтари нахуствазирии ин кишвар дар музоядае фурӯхта шуд.
Пас аз тасмими Умронхон дар хусуси музоядаи мошинҳои люкс ва мозод бар ниёзи дафтари нахуствазирии Покистон, чаҳор болгарди ин дафтар низ ба зудӣ ба музояда гузошта мешавад.