Сентябр 09, 2016 19:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Созмони милал дар бораи афзоиши оворагони ҷанг дар Афғонистон

Муовини дабири кулли Созмони милал дар умури ҳуқуқи башар гуфт, дар пайи ноамниҳо дар Афғонистон, солона ҷамъияти зиёде ба оворагони ин кишвар афзуда мешавад ва теъдоди зиёде аз кӯдакон низ ба иллати норасоии ғизо ҷони худро аз даст медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, муовини дабири кулли Созмони милал дар умури ҳуқуқи башар, ки ба Афғонистон сафар кардааст, ба хабарнигорон дар Кобул гуфт, бо таваҷҷуҳ ба даргириҳои Афғонистон эҳтимол меравад то поёни имсол дар ин кишвар як миллион нафари дигар низ овора шаванд.

Стефан Уброён аз кишварҳои кӯмаккунанда хост, садупанҷоҳ миллион доллар барои кӯмак ба оворагони ҷанг дар Афғонистон кӯмак кунанд.

Уброён гуфт, аз маҷмӯи се миллиону понсад ҳазор ниёзманд ба кӯмак дар Афғонистон, ба ду миллиону сад ҳазор нафар кӯмакҳои башардӯстона расидааст, аммо беш аз як миллиону сесад ҳазор нафар ба кӯмакҳои фаврӣ ниёз доранд.

Муовини дабири кулли Созмон милал дар умури ҳуқуқи башар гуфт, акнун наздик ба даҳ миллион афғон ба хадамоти дармонӣ дастрасӣ надоранд ва солона теъдоди зиёде аз кӯдакони афғон ба иллати норасоии ғизо ҷони худро аз даст медиҳанд.