Таъсири бозӣ ва нишоти кӯдакон бар рушди гулҳо
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38459-Таъсири_бозӣ_ва_нишоти_кӯдакон_бар_рушди_гулҳо
Давлати Нидерланд баъд аз таҳқиқоти илмӣ, маҳд(боғчаи кӯдакон)-и кӯдакҳоро муваззаф кард, ҳафтае як рӯз бачаҳоро ба марокизи парвариши гул бибаранд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 01, 2018 20:09 Asia/Dushanbe
  • Таъсири бозӣ ва нишоти кӯдакон бар рушди гулҳо

Давлати Нидерланд баъд аз таҳқиқоти илмӣ, маҳд(боғчаи кӯдакон)-и кӯдакҳоро муваззаф кард, ҳафтае як рӯз бачаҳоро ба марокизи парвариши гул бибаранд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон аз Гаага, муҳаққиқони нидерландӣ ахиран дар қолаби як пажӯҳиши илмӣ, бачаҳои маҳди кӯдакеро ба мазореи гулҳо бурданд ва ба онҳо гуфтанд, ки дар масирҳое, ки байни радифҳои гул вуҷуд дошт бозӣ кунанд ё роҳ бираванд ё ҳатто бадванд, вале мувозиб бошанд, ки ба гулҳо садама назананд.

Натиҷаи ин таҳқиқи ҷолиб нишон дод ҷоҳое, ки бачаҳо дар он бозӣ карда буданд, гулҳо бо нишоттар ва шодобтар будаанд ва ҳатто гулҳои ин навоҳӣ зудтар ҳам рушд карда буданд!

Давлати Нидерланд акнун бахшномае ба маҳди кӯдакҳо иблоғ карда, ки бар асоси он ҳар маҳди кӯдак муваззаф шудааст, ҳафтае як рӯз, кӯдаконро ба марокизи парвариши гул бурда ва иҷоза диҳанд, то бачаҳо онҷо бозӣ кунанд.

Нидерланд бузургтарин содиркунандаи гул дар ҷаҳон аст.