Беш аз 10 сол ҳабс барои бародари Фатҳуллоҳ Гюлен дар Туркия
Бародари Фатҳуллоҳ Гюлен дар додгоҳе дар Туркия ба беш аз 10 соли зиндон маҳкум шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, додгоҳе дар шаҳри Измир, Қутбуддин Гюлен, бародари Фатҳуллоҳ Гюленро ба ҷурми “узвият дар як созмони террористии мусаллаҳ” ба 10 солу шаш моҳ зиндон маҳкум кард.
Қутбуддин Гюлен октябри соли 2016 дар манзили яке аз наздикони худ дар шаҳри Измири Туркия боздошт шуда буд.
Туркия, Фатҳуллоҳ Гюленро омили аслии кудатои нофарҷоми 15 -уми июли соли 2016 дар ин кишвар барои сарнагунии давлати Эрдуғон медонанд.
Ин дар ҳолест, ки Фатҳуллоҳ Гюлен, ки аз соли 1999 дар табъиди худхоста дар Амрико ба сар мебарад, ин иттиҳомотро борҳо рад кардааст.
Пас аз кудатои низомии нофарҷоми 15 – уми июли 2016 даҳҳо ҳазор нафар ба иттиҳоми иртибот бо гурӯҳи Гюлен дар Туркия боздошт ва ҳудуди 120 ҳазор нафар аз корҳои давлатӣ дар ин кишвар ихроҷ шудаанд.