Баъд аз 55 сол, як зан барандаи ҷоизаи “Нобел” -и физика
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38494-Баъд_аз_55_сол_як_зан_барандаи_ҷоизаи_Нобел_и_физика
Ҷоизаи “Нобел” –и физикаи соли 2018 ба сабаби навовариҳое дар физикаи лазер, ба сурати муштарак ба се нафар, аз ҷумла як зани фаронсавӣ тааллуқ гирифт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 03, 2018 10:28 Asia/Dushanbe
  • Баъд аз 55 сол, як зан барандаи ҷоизаи “Нобел” -и физика

Ҷоизаи “Нобел” –и физикаи соли 2018 ба сабаби навовариҳое дар физикаи лазер, ба сурати муштарак ба се нафар, аз ҷумла як зани фаронсавӣ тааллуқ гирифт.

Ба гузориши Си Эн Эн, Донна Стрикланд, зани аҳли Канада ба далели навовариҳои пешгомона дар ҳавзаи физикаи лазер ба таври муштарак бо ду донишманди дигар ин ҷоизаро касб кард.

Ду донишманди дигар Артур Ашкин аз Амрико ва Ҷерард Мороу аз Фаронса ҳастанд.

Артур Ашкини 93 сола, пиртарин фарде аст, ки муваффақ ба дарёфти ҷоизаи “Нобел” мешавад.

Донна Стрикланд ҳам севумин зане аст, ки ҷоизаи “Нобел” дарёфт мекунад ва ин нахустин бор дар 55 соли гузашта аст, ки як зан ҷоизаи “Нобел” –и  физикаро аз они худ мекунад.

Ин рӯйдод як рӯз пас аз он иттифоқ афтод, ки яке аз донишмандони аршад дар маркази пажӯҳиши ҳастаӣ дар Женева ба иллати он ки гуфта буд, физикаро мардон ихтироъ кардаанд, аз кор гирифта шуд.