Ошкор шудани мудохилаи яҳудиён дар навасоноти бозори арзи Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38502-Ошкор_шудани_мудохилаи_яҳудиён_дар_навасоноти_бозори_арзи_Эрон
Таҳқиқоти дастгоҳи қазоӣ ва амниятии Туркия нишон медиҳад, иддае дар ин кишвар бо ҷамъоварии наздик ба ним миллиард доллар арз аз бозори Эрон, онҳоро ба ҳисоби яҳудиёни эронии сокин дар Амрико мунтақил кардаанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 03, 2018 19:26 Asia/Dushanbe
  • Ошкор шудани мудохилаи яҳудиён дар навасоноти бозори арзи Эрон

Таҳқиқоти дастгоҳи қазоӣ ва амниятии Туркия нишон медиҳад, иддае дар ин кишвар бо ҷамъоварии наздик ба ним миллиард доллар арз аз бозори Эрон, онҳоро ба ҳисоби яҳудиёни эронии сокин дар Амрико мунтақил кардаанд.

Додситони Туркия сешанбе барои 417 нафар ба иттиҳоми пулшуӣ ва интиқоли 2.5 миллиард лир (419 миллион доллар) ба хориҷ аз ин кишвар ҳукми боздошт содир карда буд.  

Ин пулҳо ба ҳисобҳои чанд эронии сокин дар Амрико ба сурати ғайриқонунӣ мунтақил шуда буданд.

Шабакаи Ҳабертурк сооте пас аз интишори ин хабар эълом кард, ки ин афрод бо ҷамъоварии доллар аз бозори арзи Эрон ва бурдани онҳо ба Туркия, ниҳоятан ин 419 миллион долларро ба 28 ҳазору 88 ҳисоби мутааллиқ ба яҳудиёни эронӣ дар Иёлоти Муттаҳида интиқол додаанд.

Интиқоли ғайриқонунии пул аз Туркия ба Амрико аз тариқи шуъбаҳои бонкҳои мухталиф ва дастгоҳҳои худпардоз аз аввали январи 2017 шуруъ шуда ва дар 13 августи 2018 ба бештарин мизони худ расида буд.